info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Дар бораи мо

ҶДММ Ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” 26 сентябри соли 2014 таъсис ёфтааст.

Мо кӯшиш менамоем, ки ширкатамон дар сатҳи миллӣ соҳиби обрӯю нуфуз гардад ва дар Тоҷикистон муносибат ба суғуртаро тағир дода, исбот намояд, ки ҳамкориро бо шарикӣ ва боварӣ ба роҳ мондан мумкин аст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамкориро пешниҳод менамояд.

ҶДММ ТС “Боварӣ” аз ноябри соли 2014 дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳоло бо 12 ширкати калони Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Маблағи умумии молу мулки суғурташуда тақрибан 900 млн. доллари ИМА аст. Соли 2017 бо 9 ширкати пешсафи Тоҷикистон қарордод бастем, ки дар ин миён 7 муассисаи молиявӣ мебошанд. Шартҳои ҳамкории мо тағирёбанда буда, ҳангоми мавҷуд будани пешниҳодҳои мизоҷон ин шартҳоро бо назардошти манфиатҳои мутақобила баррасӣ намудан мумкин аст.

АФЗАЛИЯТИ ҲАМКОРӢ БО МО

  • Маҷмуи васеи маҳсулоти ҷолиби суғуртавӣ
  • Муносибати инфиродӣ ба ҳар як мизоҷ
  • Кори фаврӣ
  • Танзими фаврии зарарҳо
  • Таълими кормандон

 

ТАРТИБИ ИҶРО

  • Маслиҳати пешакӣ дар бораи ҳамкорӣ
  • Таҳия ва имзои шартномаҳо

ҶДММ ТС “Боварӣ” мувозинатро нисбат ба ташкили хатти маҳсулот риоя менамояд. Мувозинат аз ҳисоби мувофиқати ҳуҷҷатҳои расмии суғуртавӣ ва муносибати инфиродӣ ба ҳар як мизоҷ ба даст меояд. Мо кӯшиш менамоем, ки суғурта ҳаёти Мизоҷро на мураккаб, балки соддатар гардонад.

Ширкати суғуртавӣ барои 10 намуди суғурта иҷозатнома дорад:

  1. Суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташуда;
  2. Суғуртаи молу мулк;
  3. Суғуртаи комплексии воситањои наќлиёт;
  4. Суғуртаи маҷмуии хавфҳои авиатсионӣ;
  5. Суғурта шањрвандон аз њодисањои нохуш;
  6. Суғуртаи корҳои сохтмонию васлкунӣ аз ҳамаи тавакалҳо;
  7. Суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар сафар менамоянд;
  8. Суғуртаи борҳо;
  1. Суғуртаи маҷмуии фурудгоҳҳо;
  2. Суғуртаи МШҲ.

“Боварӣ” ҷиҳати густариши имкониятҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои зерин созишномаи шарикӣ имзо намуд:

  • «Ингосстрах» (www.sogaz.ru)
  • «Cогаз» (www.sogaz.ru)
  • «Allianzsigorta» (www.allianzsigorta.com)
  •  «Российская Национальная Перестраховочная Компания» (www.rnrc.ru)
  •  «Объединенная страховая компания» (www.osk-ins.ru)
  •  «Росгосстарх» (www.rgs.ru)
  • «ЛЕКСГАРАНТ» (www.lexgarant.com)
  • «Военная страховая компания» (www.vsk.ru) – бо мақсади суғуртаи дубораи қарордодҳо

 

Инчунин, мо бо брокерҳои зерин ҳамкории зич дорем:

 

“Боварӣ” бо доштани шарикони боэътимод дар соҳаи суғуртаи дубора масъулияти бештарро ба зимма гирифта, хавфҳоро дар чунин ширкатҳо, ки рейтинги байналмилалӣ доранд, ҷойгир карда метавонад.