info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи молу мулк

Суғуртаи молу мулк ҳоло аҳамияте дорад? Чунин суғурта барои чӣ лозим аст? Хушбахтона ё мутаассифона аҳамият доштану лозим будани онро Шумо медонед. Ҳоло суғуртаи молу мулк “карруфар” нест, балки чораи эҳтиётӣ ва ҳатто шарти зарурӣ аст. Ҳар кадоми мо ба ҳодисаҳои тасодуфӣ дучор мешавем: ҳамсояҳо хонаамонро дар зери об мемонанд, хонаи касеро сел шуста мебарад, шояд молу мулк аз раъду барқ зарар мебинад, офати табиӣ боиси марги ягон нафар мешавад ва ҳамаи ин танҳо аввали рӯйхат аст.

Ба хотири он ки Шумо ақаллан бо ягон роҳ хароҷоти худро ҷуброн карда тавонед, ҳоло ширкатҳои суғуртавӣ хизматрасонии суғуртаи молу мулкро пешниҳод менамоянд.

Ҳангоми зарурат ва аз рӯи хоҳиш молу мулки зеринро суғурта карда метавонед:

  • Хона
  • Квартира
  • Иншоот
  • Биноҳои гуногун
  • Дастгоҳҳои муҳандисии дохили бино (обрасонӣ, ҳавотозакунӣ, корезӣ, системаи гармидиҳӣ)
  • Лавозимот ва дигар молу мулки манқул ва ғайриманқул
  • Таҷҳизоти хона
  • Сохтмони дохили бино (ҷои тиреза, витраж, девор, сақф)
  • Зарари ба шахсони сеюм расонидашуда (масъулияти шаҳрвандӣ)

Хавфҳое, ки молу мулкро аз онҳо суғурта кардан мумкин аст:

  • Офати табиӣ (заминҷунбӣ, обхезӣ, тӯфон)
  • Дуздӣ
  • Сӯхтор
  • Даргирифтани гази маишӣ
  • Дар зери об мондани ҳамсояҳо/носозии системаи гармидиҳӣ
  • Амалҳои зиддиқонунии шахсони сеюм
  • Зарар аз афтидани дарахтон, сутунҳои оддӣ ва симчӯбҳои қувваи барқ, дастгоҳҳои парвоз ва ҳавоӣ, бархӯрдани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
  • Амали террористӣ

Ҳамаи шахсони ҳуқуқии шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тамоми шаҳрвандон молу мулкро суғурта карда метавонанд.

Тибқи қоидаҳои суғурта, қисми муайян ё ҳамаи молу мулкро яклухт суғурта кардан мумкин аст, яъне ҳиссаи муайян ё ба ҳамаи арзиши молу мулк.

Маблағи суғуртавӣ

Дар лаҳзаи имзои шартномаи суғурта маблағи суғуртавӣ аз арзиши аслии молу мулк зиёд шуда наметавонад. Арзиши аслии молу мулк арзиши муҳосибии (тавозунии) он аст. Ин коэффисиент танҳо барои ташкилотҳои суғурташаванда истифода бурда мешавад. Барои шахсони воқеӣ нархгузории молу мулк аз тарафи суғурташаванда муқаррар гардида, аз арзиши аслии (воқеии) чунин молу мулк зиёд шуда наметавонад.

Барои муайян намудани арзиши аслии молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати гирифтани қарз аз бонк ҳангоми суғурта дар бораи нархгузории эксперт-нархгузори мустақил ҳисобот пешниҳод мегардад.

Ҳангоми ба қарз харидани техникаи маишӣ бар ивази арзиши аслии молу мулк арзиши дар шартномаи хариду фурӯши техникаи маишӣ зикршуда қабул карда мешавад.

Агар суғурташаванда дар мавриди арзиши аслии молу мулк ширкати суғуртавиро қасдан ба гумроҳӣ бурда бошад, он гоҳ маблағи шартномаи суғуртаи молу мулкро мавриди баҳс қарор додан мумкин аст.

Агар маблағи суғуртавӣ кам карда шавад, дар чунин ҳолат шартномаи суғуртаи молу мулк барои ҳамон қисми маблағе, ки аз арзиши молу мулк зиёд мешавад, мавриди амал қарор намегирад.

Агар шартномаи суғурта на барои ҳамаи маблағ имзо шуда бошад, он гоҳ пардохти суғуртавӣ аз рӯи системаи ҷуброни баробар ё аз рӯи системаи якуми хавф анҷом дода мешавад.

Ҷуброни баробар – вақте ширкати суғуртавӣ маблағро ба андозаи зарари баробар ба арзиши пардохтшудаи маблағи суғуртавӣ пардохт менамояд. Масалан, тибқи шартномаи суғуртаи молу мулк, агар маблағи суғуртавӣ 10 000 сомонӣ ва мукофоти суғуртавӣ 1000 сомонӣ муайян шудааст, вале Шумо танҳо 700 сомонӣ мукофоти суғуртавӣ, яъне 70%, пардохта бошед, он гоҳ, албатта, ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ ба Шумо на 10 000 сомонӣ маблағи суғуртавӣ, балки 7000 сомонӣ, яъне 70%, пардохта мешавад.

Ҷуброни зарар аз рӯи системаи якуми хавф – зарар танҳо ба андозаи маблағи суғуртавии дар шартномаи суғуртаи молу мулк зикршуда пардохта мешавад. Агар маблағи зарар аз маблағи суғуртавӣ зиёд бошад, он гоҳ фарқ дар байни андозаи маблағи суғуртавӣ ва зарари аслӣ ҷуброн карда намешавад.

Арзиши полиси суғуртавӣ аз маблағи ибтидоии суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.

Пардохтҳои суғуртавӣ дар ҳолати фаро расидани ҳодисаҳои зерин пардохта намешаванд:

  • Зарари расонидашуда ба сабаби эътирозҳои оммавӣ, амалиёти ҳарбӣ, корпартоӣ рӯй дода бошад
  • Заҳролудшавии радиоактивӣ дар натиҷаи таркиши ядроӣ
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроия барои мусодираи молу мулки Шумо фармон дода бошанд
  • Молу мулк ба таври табиӣ хосиятҳои худро тағир дода бошад (зангзанӣ ва ғ.)
  • Молу мулки суғурташуда ба сабаби фарсудашавии ҷисмонӣ корношоям шуда бошад
  • Таъсири ҳароратӣ ба объекти суғурта ва агар объекти суғурта дар наздикии оташи кушод қарор дошта бошад
  • Объекти суғурташуда ё қисмҳои он дар натиҷаи нигаҳдории номувофиқ (тафсидан, ворид шудани боришоти табиӣ ба бино тавассути сӯрохиҳо ё ҷои дигар, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғаразнок, фарсудашавии объект ё тавассути нуқсони ҳангоми сохтмони бино пайдогардида вайрон шудаааст)
  • Зарар дидани симҳои барқ, албатта, агар ин ба хавфҳои суғуртавӣ дохил гардида бошад
  • Нуқсоне, ки дар натиҷаи он бино фурӯ рафта бошад
  • Агар дар бинои суғурташуда озмоишҳои химиявӣ ё физикӣ гузаронида шуда бошанд
  • Истеҳсол, истифода ва нигаҳдории моддаҳои тарканда
  • Носозии асбобҳои барқии маишӣ ва техникаи компютерӣ ба сабаби офатҳои табиӣ, расиши кӯтоҳи қувваи барқ дар шабака ё таъмини бемеъёри қувваи барқ.

Хориҷкунӣ аз шартномаи суғуртаи молу мулк, ки пешниҳод гардид, бо стандартҳо барои ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ ишора шудааст ва ҳатто агар номбар нашуда бошад ҳам, ҳақиқӣ шуморида мешавад.