info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи нақлиётии борҳо

Суғуртаи нақлиётии борҳо

Суғуртаи нақлиётии борҳо намуди аз ҳама устувори суғуртаи нақлиёт аст. Дар ин шакли суғурта шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – борфиристандагон ва боргирандагонро суғурта кардан мумкин аст. Вобаста ба муносибатҳои иқтисодию ҳуқуқӣ шартномаро ё фурӯшанда ё харидор имзо карда метавонад.

Тибқи шартҳои қарордод, хавфҳо вобаста ба вайрону шикастан ё гум шудани мол тадриҷан аз фурӯшанда ба харидор мегузаранд. Бинобар ин, харидор аз имкони суғуртаи бори худ бештар манфиатдор аст. Илова бар ин, фурӯшанда низ (бо хоҳиши харидор) барои бастани шартномаи суғурта  ҳуқуқ дорад, ки баъди имзои ин шартнома пардохтҳои суғуртавӣ фавран ба арзиши мол илова карда мешаванд.

Ду намуди суғурта мавҷуд аст:

  • Суғурта “бо масъулият барои ҳамаи хавфҳо” пардохти зарарро аз вайрону шикастан то нобудшавии пурраи молу мулк дар бар мегирад. Инчунин, ҳамаи хароҷоти имконпазири зарурӣ барои наҷот, ҳифз ва пешгирӣ аз вайрону шикастани минбаъдаи борҳо ба ҳамин суғурта дохил мегардад.
  • Суғурта “бе масъулият барои зарар”.

Асосҳое, ки мувофиқи онҳо пардохт анҷом дода намешавад:

  • Заҳролуд шудани бор аз моддаҳои радиоактивӣ ё аз таъсири таркиши атомӣ
  • Вайрон шудани бор аз ҳашарот, кирмҳо ва хояндаҳо
  • Корпартоӣ ва бетартибиҳои оммавӣ
  • Табаддулоти ҳарбӣ бо оқибатҳои он
  • Ғасби ғайриқонунии бор
  • Мусодираи воситаи нақлиёт
  • Тафтиш, карантин ё ҳабси бор
  • Фориғболӣ ё зарари қасдона аз тарафи суғурташаванда ва намояндаи ӯ
  • Риоя нашудани меъёру қоидаҳои интиқоли бор
  • Риоя нашудани меъёру қоидаҳои нигаҳдории бор
  • Риоя нашудани меъёру қоидаҳои борбандӣ
  • Риоя нашудани таҳвили бор
  • Бе таваҷҷуҳ ва дар ҳолати вайрону шикаста фиристодани бор
  • Оташсӯзие, ки дар натиҷаи бо иҷозати суғурташаванда, аммо бе розигии ташкилот бор кардани ашёю моддаҳои худоташгиранда ва тарканда рӯй додааст
  • Ноппурагии бор ҳангоми яклухтии борбанди берунӣ
  • Таъсири низоми ҳароратӣ ва хосиятҳои муқаррарии бор.

Шартномаи суғуртаи “бе масъулият барои зарар” ҷуброни зарар барои зарар дидани қисми муайян ё ҳамаи молро ҳангоми интиқол бо сабабҳои зерин дар бар мегирад:

Тағироти харобиовар ё дигар офатҳои табиӣ

Садама ё бархӯрди воситаҳои интиқолдиҳандаи бор. Сабабҳои имконпазир, ки мувофиқи онҳо пардохтро анҷом додан мумкин аст:

  • Харобшавии купрукҳо
  • Садама ҳангоми боркунӣ ба воситаи нақлиёт ё борфурорӣ аз он
  • Гум шудани воситаи нақлиёт
  • Хароҷот барои наҷот, ҳифз, инчунин барои хомӯшкунии сӯхтори бор.

Асосҳое, ки мувофиқи онҳо аз рӯи шарти “бо масъулият барои ҳамаи хавфҳо” зарар ҷуброн карда намешавад:

  • Зарар ба сабаби тар шудани киштӣ ва нам кашидани бор аз боришоти атмосферӣ
  • Паст шудани нархи мол ба сабаби шикастан ё ифлосшавии он ҳангоми яклухт будани борбанди берунӣ

Дуздидан

Пардохти суғуртаи арзнамудаи суғурташаванда аз арзиши бор, ки дар қарордоди интиқоли мол қайд шудааст, зиёд шуда наметавонад. Ширкати суғуртавӣ дар ҳамаи масофаи хатсайр масъулиятро барои бор ба зимма мегирад, яъне то лаҳзаи ба боргиранда таҳвил додани бор. Қарордоди суғуртаи борро на танҳо дар ҷои исти муваққатии бор, балки дар ҷои таҳвили он низ имзо кардан мумкин аст. Маълумоте, ки дар аризаи имзои шартномаи суғурта муайян намудан лозим аст:

  • Номи дуруст, шаклу намуди борбанд, теъдоди ҷойҳо ва вазни аниқи бор
  • Сана ва рақами забонхате, ки ба борфиристанда дода мешавад ва ба интиқол қабул шудани бор ё дигар борҳои интиқолшавандаро тасдиқ менамояд (коносамент)
  • Вариантҳои фиристодани бор
  • Шаклу намуди воситаи нақлиёт
  • Ҷои борфиристӣ, азнавборкунӣ ва ҷобаҷогузории бор
  • Санаи аниқи фиристодани бор
  • Арзиши суғурта (муайян намудани маблағи суғурта)
  • Муайян намудани намуди масъулияти суғуртавӣ (шартҳои суғурта)

Бисёр вақт ташкилоти суғуртавӣ ба шарти тафтиши молу мулк ва барӯйхатгирии аниқи он шартнома мебандад, ки ин шартнома маълумоти зеринро дар бар мегирад:

  • Ном
  • Тамға (рақами инвентарӣ)
  • Арзиш
  • Ҳаҷм ва миқдор
  • Модел (штемпел)
  • Санаи истеҳсол
  • Шиносномаи техникӣ бо рақам
  • Маблағи умумии бор

Суғуртакунандаи бор уҳдадор мешавад, ки дар бораи ҳамаи тағирот ва категорияҳои хавф дарҳол ба ширкати суғуртавӣ хабар диҳад. Ширкати суғуртавӣ бо назардошти тағирот муқаррароти нави суғурта ё пардохти иловагиро бояд пешниҳод намояд.

Дар ҳолати агар суғурташаванда ба шартҳои нави қарордод розӣ нашавад ва пардохти иловагиро рад намояд, он гоҳ қарордод аз лаҳзаи фаро расидани тағирот дар хавфҳо амали қонунии худро қатъ менамояд. Суғуртакунанда қисми муайяни маблағро барои вақти то анҷоми муҳлати суғурта боқимонда ҷуброн менамояд.

Арзиши пардохтҳои суғуртавӣ ба намуди масъулияти суғуртавӣ ва намуди воситаи нақлиёт вобаста аст.