info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи автомобилӣ

Суғуртаи автомобил.

Ин суғурта барои чӣ лозим аст?

Ҷои шубҳа нест, ки дар замони серташвиши мо суғуртаи автомобил, пеш аз ҳама, барои соҳибони воситаи нақлиёт афзалияти бештар дорад. Кӣ будани суғуртакунанда муҳим нест: шаҳрванди оддӣ ё соҳиби автопарки калон. Моҳияти масъала дар он аст, ки суғуртаи воситаи нақлиёт бисёр мушкилоти куҳнаро бартараф намуда, хароҷоти молиявиро коҳиш медиҳад.

Вазъият дар роҳ пешгӯинашаванда буда, омори ҳаррӯзаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт шигифтангез аст. Ҳоло ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба мисли бемории сироятӣ шаҳрҳои калонро фаро гирифта, оқибати чунин ҳодисаҳо – талафот дар миёни пиёдагардон ва ронандагону мусофирон, мошинҳои харобгашта, панҷараҳои шикастаи роҳ… маъюбию сарнавишти талхи одамон.

Набояд фаромӯш кард, ки зарари андак ё ҷузъӣ ё ҳатто гумшавии воситаи нақлиёти автомобилӣ барои соҳиби автомобил, ки полиси суғуртаи автомобил надорад, аслан ташвишу изтироби ягона нест. Бисёр вақт дар рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт маҳз соҳиби автомобил гунаҳгор аст ва ҳамзамон пешгирӣ намудани лаҳзаҳои душвору ногувор вобаста ба ҷуброни зарари ҷабрдида ғайриимкон аст. Айнан дар чунин лаҳзаҳо муҳиму муфид будани суғуртаи автомобилро сарфаҳм меравем!

Суғуртаи автомобил дар замони пурталотуми мо ҳам барои гунаҳгор ва ҳам барои ҷабрдида умеди охирин аст.

Инчунин, зарари имконпазири соҳиби автомобилро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё бар асари амалҳои зиддиқонунии ҷинояткорон расонида мешавад, нодида гирифтан нашояд. Далелҳои пешниҳодгардида манфиатнокии суғуртаи автомобилро комилан пурра инъикос менамоянд.

Суғуртаи автомобил: Намудҳо

Ширкати суғуртавии “Боварӣ” маҷмуи васеи маҳсулоти суғуртаи воситаҳои нақлиётро дар ихтиёр дошта, ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Аксари шаҳрвандон суғуртаи автомобилро кори серташвиш ва басо ғайриоддӣ мешуморанд. Аммо ин кор чандон душвор ҳам нест. Шартномаи суғуртаи автомобил, ки дар ҳамин ширкати суғуртавӣ ба имзо расидааст, ҳам барои соҳиби автомобили шахсӣ ва ҳам барои соҳиби муассисаи хусусӣ муфид аст. Зеро оромию осудагии соҳиби автомобил ва устуворию пойдории фаъолияти соҳиби муассисаи хусусӣ кафолат дода мешавад. Зарари ба автомобили худ ё шахси бегона расонидашуда шуморо ташвиш намедиҳад, чунки пардохти ҳодисаи суғуртавиро ширкати суғуртавии “Боварӣ” ба зимма мегирад.

Ҳоло теъдоди бештари соҳибони нақлиёт аз намудҳои гуногуни хавф (алоҳида ё пурра) суғурта намудани воситаҳои нақлиёти автомобилиро афзал мешуморанд.

Суғуртаи автомобил: ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ

Суғуртаи автомобил ҷиҳатҳои мусбати худро дорад. Дар ҳолатҳои муайян, вақте ки автомобил на танҳо воситаи ҳаракат, балки воситаи фаъолият ҳам ҳаст, ҳангоми ҳодисаҳои дар фурсати кӯтоҳ танзимнашудаи роҳу нақлиёт, офатҳои табиӣ ва эҳтимоли дуздида шудани автомобил полис ёрӣ мерасонад. Суғуртаи воситаҳои нақлиёт унсури аз ҳама муҳими рушди муътадили корхона аст.

Ширкати суғуртавӣ ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ҳамаи ташвишҳоро ба зимма мегирад. Шахсони ҳуқуқие, ки полиси суғуртавӣ доранд, ба ҳисобу китоб андармон намешаванд ва дар бораи андозаи зарар баҳс намекунанд. Агентҳои ширкати суғуртавӣ ин масъалаҳоро ҳал карда, зарари расонидашударо пардохт менамоянд.