info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи ҳаёт

Суғуртаи ҳаёт

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон суғурта доштан монанди ба кор рафтан як амали муқаррарист. Аммо дар кишвари мо бо тақозои замон суғуртаи ҳаёт чандон оммавӣ нагаштааст. Сабаби ин нобоварии шаҳрвандони мо ба аксар сохторҳои молиявии ғайридавлатӣ ва майл надоштани онҳо барои гузоштани маблағҳои худ дар чунин ташкилотҳо мебошад. Заминаҳои чунин муносибат хеле зиёданд, ки ҳар кадоми онҳоро ба навбат баррасӣ намудан лозим аст.

Баъди заволи ИҶШС бисёре аз шахсони ғайрирасмӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳо сармояи бадастовардаи худро талаф доданд. Аслан, нафаре аз ҷабрдидагон пасандози худро ҳатто дар ҳаҷми акдак ҳам ҷуброн карда натавонист. Ҳарчанд солҳои ноороми 90-ум паси сар шуда бошанд ҳам, аммо қисми зиёди аҳолии ҷумҳурӣ ҳамоно ба устувории системаи молиявии кишвар бовар надоранд ва аз гузоштани маблағҳои худ дар суратҳисоби ташкилотҳои молиявии гуногун худдорӣ менамоянд. Вазъияти имрӯза далели он аст, ки аксар ташкилотҳои молиявию қарзӣ бо сатҳи баланди устуворӣ фаъолияти хуб доранд. Ба туфайли сатҳи баланди пардохтпазирии дороиҳо, воридоти доимӣ ва афзоиши захираи маблағҳои ибтидоӣ таҳдиди муфлисшавӣ онҳоро домангир нест. Аз рӯи назария, муфлисӣ ҳатто калонтарин ва устувортарин ташкилотро барҳам дода метавонад, аммо дар таҷриба ин назария бо натиҷаи манфӣ амалан ба сифр баробар аст.

Бино ба омор, зиёда аз 80% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки таносуби даромадҳои пулии онҳо истифодаи хизматрасониҳои ширкати суғуртавиро имконнопазир мегардонад. Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки мо ҳамагӣ ҷовидон нестем ва дарду беморӣ ногаҳон пайдо гардидаву касе намедонад, ки пул барои табобату офият кай лозим мешавад. Шояд, ба фикри Шумо, ҳангоми сахт эҳтиёҷ доштан аз бонк қарз гирифтан мумкин аст. Аммо андеша кунед, ки дар чунин ҳолат (ё дар чунин шароити душвор) бори гарони қарзро ба муҳлати номуайян ба зимма гирифтан чӣ лозим? Маҳз суғуртаи ҳаёт метавонад беҳтарин роҳи халосӣ аз чунин вазъият бошад. Захира намудани фоизи ночизи даромади ҳармоҳа аз ҷустуҷӯи маблағи яклухт ҳангоми сахт эҳтиёҷ доштан сад бор беҳтар аст. Дар хотир доред, ки ба шарофати суғурта на танҳо маблағҳоятон дар суратҳисоби ширкати муайян нигоҳ дошта мешаванд, балки бо гузашти вақти муайян миқдори маблағҳоятон афзоиш меёбанд.

На ҳамаи мо пулро сарфа карда метавонем. Бисёр вақт музди меҳнати моҳона барои эҳтиёҷоти зарурӣ – пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пардохти қарз, хариди хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи аввал зуд сарф мешавад. Аз ин рӯ, дар бораи пасандоз сухан гуфтан ғайриимкон аст.

Баъзе шаҳрвандоне, ки ҷои кори хуб доранду аз устувории худ дар рӯзи оянда дилпуранд, набояд эҳтимоли сар задани буҳронҳои молиявиро, ки ба ҳар яки мо таъсир расонида метавонанд, аз хотир бароранд. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки корчаллони дирӯз муваффақ имрӯз аллакай коргари қаторист. Дониста бошед, ки аз беҳуда нигоҳ доштани пасандоз даромаде ба даст намеояд, вале пул ба фоидаи шумо кор карда метавонад.

Тадқиқоти охирин андешаи аксар коршиносони соҳаи молияро исбот менамоянд, ки қисми зиёди ҳамватанони мо дар ҷевон нигоҳ доштани пулро аз маблағгузорӣ дар ягон чорабинии ҷиддию муфид авлотар мешуморанд. Ҳол он ки ин пули бекорхобидаро ба амонати муайян гузошта, фоидаи хуб гирифтан мумкин аст. Чунин ноҳурматӣ ба пул аксариятро дар назди ноустувориҳои замони имрӯз заифу нотавон мегардонад.