info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи хавфҳои авиатсионӣ

Суғуртаи хавфҳои авиатсионӣ

Намудҳои гуногуни масъулияти истифодаи нақлиёти ҳавоӣ, соҳибони аэровокзалу ангар, истеҳсолкунандагони киштиҳои ҳавоӣ ва дигар маҳсулоти саноати авиатсия ва комплексҳои авиатсиониро суғурта кардан лозим аст, ки инро суғуртаи хавфҳои авиатсионӣ меноманд.

Меъёру қоидаҳои суғуртаи авиатсионӣ бо назардошти шартҳои суғуртаи киштӣ ва бор таҳия гардидаанд. Ҳангоми суғуртаи хавфҳои васеи авиатсионӣ маблағи умумӣ, ки пардохти суғуртавиро имконпазир мегардонад, ба инобат гирифта мешавад. Аз ҷумла, ташкилотҳои умумию махсуси суғуртавӣ ва зомину синдикатҳо низ.

Суғуртаи авиатсионӣ барои аксар ширкатҳои суғуртавӣ фоидаовар нест. Зеро ин намуди суғурта нозукиҳои худро дошта, хавфи садамаю фалокат ба он хос аст.

Ҳоло қисми бештари мизоҷони суғуртаи киштиҳои ҳавоӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ инҳоянд: ширкатҳое, ки ба намудҳои гуногуни корҳои ҳавоӣ машғуланд, мушовирони тиҷоратии интиқолдиҳандагони авиатсионӣ, операторони хадамоти таксии ҳавоӣ, заводҳои истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ, ширкатҳо ва миёнаравҳое, ки ба фурӯши техникаи авиатсионӣ сарикор доранд, соҳибони киштиҳои ҳавоӣ, аэроклубҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ, ки дар парки худ барои интиқоли бор ва барои кормандон хадамоти нақлиёти авиатсионӣ доранд.

Суғуртакунанда ба имкони таъмини амнияти объекти суғурта ҳавасманд аст, яъне суғуртаи киштии ҳавоӣ дар маҷмуъ ва қисмҳои алоҳидаи бадана, қанотҳо, дум ва шассии он, системаҳои барқию гидравликӣ, таҷҳизоти радио ва навигатсия, ки дар дохил ва дар баданаи нақлиёти авиатсионӣ ҷойгир шудаанд, инчунин қисмҳои аз киштии ҳавоӣ гирифташуда то лаҳзаи насби чунин қисмҳо бар ивази қисмҳои гирифташуда.

Ширкати суғуртавӣ тибқи шартнома андозаи зарарро, ки ба ягон сабаб дар тамоми муддати суғурта ҳангоми дар парвоз қарор доштани дастгоҳи парвоз, ҳангоми идоракунии он ва ҳангоми дар таваққуфгоҳ – дар замин бо мотори хомӯш қарор доштани он расонида шудааст, бояд бо эквиваленти пулӣ ҷуброн намояд.

Нақлиёти ҳавоиро тибқи шартнома аз рӯи муқаррароти (ҳолатҳои) зерин суғурта намудан мумкин аст: “Танҳо аз нобудшавии пурра” ё “Аз ҳамагуна хавфҳои имконпазир”.

“Танҳо аз нобудшавии пурра” – ин ҳодисаи суғуртавӣ пурра вайрон ва несту нобуд шудани нақлиёти ҳавоиро ифода менамояд. Ҷуброн ё пардохти полиси суғуртавӣ дар ин намуди ҳодисаи суғуртавӣ ба андозаи маблағи пурраи суғурта ба амал бароварда мешавад.

“Аз ҳамагуна хавфҳои имконпазир” – ширкати суғуртавӣ пардохти суғуртавиро на танҳо ҳангоми пурра вайрон шудани киштии ҳавоӣ, балки шикастану вайроншавии ба сабабҳои гуногун рӯйдодаро ҷуброн менамояд, ба ғайр аз сабабҳои қасдан муқарраршудае чун ислоҳи полиси суғуртавӣ. Аммо маблағи пардохт ба шартҳо ва вазнинии ҳодисаи суғуртавӣ вобаста аст.

Зарар ба сабабҳои зерин ҷуброн карда намешавад: зангзанӣ, носозии сими барқ ва таҷҳизот, фарсудашавии киштии ҳавоӣ, нуқсони конструкторӣ, носозии механикии асбобу қисмҳои алоҳида. Ба шарти агар ин нуқсонҳо ба вайрону нобудшавии аз ҳодисаҳои зерин пайдогардида боис нашуда бошанд: алангаи оташ, зарба, таъсири раъду барқ, ба якдигар ё ба объектҳои дигар бархӯрдани дастгоҳҳои ҳавоӣ, инчунин ҳаракатҳои қасдонаи шахсони сеюм.

Дар ҳолати агар қисми муайяни дастгоҳ ба таври муқаррарӣ фарсуда гардида, дар натиҷаи он дастгоҳи парвоз вайрон шуда бошад, зарари объекти суғурта бо нигоҳ доштани арзиши ҳамин қисм пардохта мешавад.

Дар лаҳзаи имзои шартномаи суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ маблағи суғурта дар ҳаҷми на зиёда аз арзиши киштии ҳавоӣ муайян мегардад. Баъзан суғурта ба андозаи камтар аз арзиши нақлиёти ҳавоӣ имконпазир аст.

Шартҳои суғуртаи киштии ҳавоӣ:

Гум шудани нақлиёти ҳавоӣ (тибқи қоидаҳо воситаи авиатсиониро бедарак гумшуда эътироф намудан мумкин аст, агар баъди парвоз дар давоми 15 рӯз ва зиёда аз он ягон хабару маълумот дастрас набошад).

Фуруди маҷбурӣ ва хароҷоти наҷотдиҳии нақлиёти ҳавоӣ (ҳолатҳои форс-мажор ва мавҷуд набудани имкони парвоз аз макони фуруди маҷбурӣ, пардохт бо меъёрҳои муайян, ки ба хароҷоти пайдошуда ва бо ширкати суғуртавӣ мувофиқашуда ҷиҳати пешниҳоди парвоз ё интиқоли нақлиёти ҳавоӣ мутобиқ аст, анҷом дода мешавад).

Ифодаи арзиши таъмири нақлиёти ҳавоии вайроншуда ҳангоми имзои шартнома дар доираи пардохтҳои дахлдор муайян мегардад, агар вайроншавии нақлиёти ҳавоӣ воқеан ба сабаби ҳодисаи суғуртавӣ рӯй дода бошад.

Муайян намудани пурра нобудшавии киштии ҳавоӣ

Ҳуқуқи абандон (вақте ширкати суғуртавӣ уҳдадор мешавад, ки маблағи пурраи суғуртаро ба фоидаи мизоҷ пардохт намояд. Тибқи қоидаҳо, ариза дар давоми 6 моҳ баъди ҳодисаи суғуртавӣ бояд пешниҳод гардад. Барои ин тасдиқ аз суғуртакунанда талаб карда намешавад. Суғуртакунанда аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани абандон ҳамаи ҳуқуқ ба молу мулкро, ки дар шартномаи суғурта қайд шудааст, соҳиб мешавад). Тибқи қоидаҳои суғуртаи киштии ҳавоӣ ва мутобиқи шартҳои шартнома, мизоҷ (суғурташаванда) бисёр вақт бе розигии ширкати суғуртавӣ абандонро арз карда наметавонад, яъне ба фоидаи мизоҷ аз ҳуқуқи худ барои молу мулки суғурташуда бо мақсади гирифтани ҷуброни суғуртавӣ ба андозаи маблағи суғурта даст кашидан.

Агар апарсерия, лизинг ва хариди нақлиёти ҳавоӣ бо қарз ҷой дошта бошад, ба шартномаи суғурта эзоҳи инъикоскунандаи манфиатдории тарафҳо – саҳмдорони муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ворид карда мешавад.

Нархгузории суғурта ба омилҳои муайян вобаста буда, ҳангоми сатҳи миёнаи бехатарии парвозҳо, маҳорати парвозӣ ва парвозию техникии кормандон, маъмурият ва ҳамаи кормандони рӯизаминӣ, ки дар тайёрӣ ва хизматрасонии техникӣ барои истифодаи нақлиёти ҳавоӣ иштирок мекунанд, афзоиш меёбад.

Тақсими (дистрибутсияи) хавфҳои калонро дар байни ширкатҳои суғуртавӣ брокерҳое, ки ҳисоб ва дигар корҳои техникиро бо супориш ё бо розигии ширкати суғуртавӣ – пешсаф дар ҳамин намуди суғурта анҷом медиҳанд, ба зимма мегиранд.