info@iobovary.tj 44 600 0303 Фотех Ниези 36, ТЦ Мулиен , 2 этаж.

Суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд

Суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд

Намуди муштараки суғурта буда, суғуртаи маҷмуии шаҳрвандон (туристон)-ро дар бар мегирад. Дар ин намуди суғурта таркибҳои суғуртаи молу мулк, суғуртаи тиббӣ ва суғурта аз ҳодисаҳои ногувор ҷой дошта, ба ҳам вобаста гардидаанд.

Моҳияти он аз пешниҳоди пардохти хароҷоти тиббӣ иборат аст, ки чунин хароҷот ҳангоми сафар ба хориҷа, ба сабаби бемории ногаҳонӣ ё дар натиҷаи ҳодисаи ногувор пайдо шуда метавонад. Ин намуди суғурта хусусиятҳои хос дошта, доираи амали полис аз рӯи ҳудуд (кишвари истиқомати бевоситаи шахси суғурташуда) фарқ мекунад.

Ҳангоми гирифтани полиси суғуртавии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, ҷуброни маблағҳо ба кишварҳои хориҷӣ паҳн мегардад ва он дар ҳудуди давлати истиқомати бевоситаи шахси суғурташуда қувваи қонунӣ надорад.

Ин намуди суғурта дигар кафолатҳои муайянеро низ дар бар гирифта метавонад, ки ин кафолатҳо ба қоидаҳои суғуртаи шахсӣ дохил нагардидаанд. Масалан: пешниҳоди ёрии техникӣ дар роҳ ё пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ. Ҳарчанд чунин кафолатҳо хусусияти ҷузъӣ дошта бошанд ҳам, вале мавҷуд будани онҳо ба суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, хусусияти маҷмуӣ медиҳад. Ҳодисаҳои суғуртавӣ инҳоро дар бар мегиранд:

  • Расонидани ёрии пулакии тиббӣ, агар ҳодисаи ногувор ё бемории шадид фаро расида бошад. Инчунин, ҳангоми авҷ гирифтани бемории давомдор бо таҳдиди ҷиддӣ ба саломатӣ, ки ба фавти шахси суғурташуда боис шуда метавонад;
  • Якбора ва ғайричашмдошт гум шудани коршоямӣ;
  • Гум шудани бағоҷ ва маблағу ҳуҷҷатҳо на бо гуноҳи шахси суғурташуда;
  • Хароҷоти ғайринақшавӣ, ки сабаби он масъулияти умумишаҳрвандӣ ё автошаҳрвандӣ аст;
  • Бинобар сабабҳои объективии абдикатсия аз истифодаи билет ва эҳтимол аз сафар;
  • Иҷро нашудани уҳдадориҳои шартномаи турист ё худи турагент.

Ду намуди ташкили суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, мавҷуд аст: ҷубронӣ ва хизматрасонӣ.

Дар намуди ҷубронии суғурта ёрии таъҷилӣ пешбинӣ нашудааст. Шахси суғурташуда, ки дар сафари хориҷа қарор дорад, хизматрасонии тиббиро мустақилона ташкил ва пардохт менамояд. Ӯ баъди ба кишвари истиқомати доимӣ баргаштан дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуда (иқтибос аз таърихи беморӣ, дастурамалу ҳисобҳо) аз ширкати суғуртавӣ пардохти хароҷоти ба шартномаи рӯйпӯшкунии суғуртавӣ дохилшударо мегирад.

Намуди хизматрасонии суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, хеле маълуму машҳур буда, барои мизоҷон муфид аст. Мизоҷ бевосита пеш аз сафар бо ширкати суғуртавӣ шартномаи суғуртаро имзо менамояд, ки тибқи он ширкат ҷуброни хароҷоти муқарраршудаи тиббӣ ва хизматрасониҳои пешниҳодшудаи дахлдорро ба зимма мегирад. Дар ҳуҷҷати (шартномаи) полиси суғуртавӣ телефонҳои тамоси марказҳои хизматрасонӣ қайд шудаанд, ки тавассути онҳо мизоҷ бояд дар бораи фаро расидани ҳодисаи ногувор ё беморӣ хабар диҳад. Аз ҳамин лаҳза ба ташкил ва пардохти ёрӣ ба субъекти суғурташуда танҳо маркази амалкунанда машғул мешавад.

Барои фаъолияти муваффақи система шартҳои муайян лозиманд.

1) Алоқаи доимӣ бо маркази амалкунанда бояд 365 рӯз дар 1 сол, 7 рӯз дар 1 ҳафта ва 24 соат дар 1 шабонарӯз дастрас бошад.

2)  Маркази амалкунанда густурда ва фарогири шабакаи хуб танзимшудаи таҳвилдиҳандагоне бояд бошад, ки ҳузури худро дар ҳудуди кишварҳои сершумор таъмин намуда, ба мизоҷи суғурташуда маҷмуи комили хизматрасониҳоро аз лаҳзаи бистаришавии нахустин то бозгашт ба кишвари истиқомати доимӣ пешниҳод карда тавонанд.

Тарифи суғуртавӣ барои суғуртаи шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, аз дигар намудҳои суғуртаи хавфҳои шаҳрвандон фарқ дорад. Фарқи он бо пардохти пурраи (комили) мукофоти суғуртавӣ аз ҳисоби барои як рӯзи сафар ифода меёбад.

Омилҳое, ки ба арзиши тариф таъсир мерасонанд:

  • Синну соли гирандаи полиси суғуртавӣ
  • Ҳудуди сафар
  • Давомнокии сафар
  • Мақсади сафар
  • Маҳдудияти масъулияти суғуртакунанда
  • Истифодаи меъёр ва франшиза
  • Варианти фурӯш